ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Олимони Чин муайян намудаанд, ки маризии коронавирус ҳанӯз соли 2019 дар Ҳиндустон буруз кардааст, хабар медиҳад Daily Mail бо такя ба Академияи улуми Чин.
Ба иттилои манбаъ, вирус дар Ҳиндустон аз ҳисоби гармии тоқатфарсо ва набуди оби ошомиданӣ пайдо шудааст. Аниқтараш дар ҳавои тафсон одамону ҳайвонҳо аз як ҷо об истеъмол мекарданд, ки дар натиҷа вируси ҳайвонҳо ба одамон гузашт.
Ба изҳори онҳо, нахустин мавориде, ки дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, маҳз вирусе ҳаст, ки дар Ҳиндустон ба вуҷуд омад.
Вазорат омори навро гуфт: шумораи мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт
Аммо ба фарзияи олимони Чин ҳамтоёни аврупоии онҳо шак доранд.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи профессори Донишгоҳи Глазго (Шотландия) Дэвид Робинсон, ин тадқиқот барои фаҳмидани табиати коронавирус чизе илова намекунад. Вай нуқтаи назари ҳамкорони чиниро ғаразнок номида, қайд кард, ки муаллифони тадқиқот маълумоти васеъи эпидемиологиро, ки ба сарчашмаи аслии COVID дар Чин ишора мекунанд, нодида гирифтанд.