Худкушии духтари 16 -сола дар Бадахшон: дар хонаи хобаш худро ба дор овехт

Волидони марҳум мегӯянд, фарзандашон ягон мушкилӣ надошт ва далели худкушӣ кардани ӯ барои онҳо номаълум аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон духтари 16- сола худкушӣ кардааст, хабар медиҳад Раёсати КҲФ дар вилояти мазкур.

Қадрдонии наҷотдиҳандагони КФҲ, ки як писари 17 - соларо аз худкушӣ наҷот доданд

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар деҳаи Чарсеми ҷамоати деҳоти Вер рух додааст.

"Духтари 16-сола бегоҳи рӯзи 29 ноябр, тақрибан соати 18:30 дақиқа худро дар хонаи хобаш дор кашидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Марҳум хонандаи синфи 9 МТМУ № 40 будааст.

Феълан сабаби даст ба худкушӣ задани хонандаи мактаб рушан нест. Волидони марҳум изҳор доштаанд, ки фарзанди онҳо ягон мушкилӣ надошт ва далели худкушӣ кардани ӯ барои онҳо номаълум аст.

РКҲФ дар вилояти Бадахшон мегӯяд, феълан нисбати ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.