Иттиҳомот алайҳи пизишки Марадона: ситораи футбол ба айби табиб ҷон бохт?

Диего Марадона ситораи ҷаҳонии футбол ҳафтаи гузашта дар синни 60- солагӣ ҷон аз даст дод. Феълан дар манзил ва ҷойи кори табиби ӯ кофтукобу пурсишҳо ҷараён дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Леополдо Луке, табиби ситораи ҷаҳонии футбол Диего Марадонаро дар куштори ӯ айбдор медонанд, хабар медиҳад "Р-Спорт" бо такя ба расонаҳои аргентинӣ.

Аргентина бидуни Диего Марадона: анҷоми пахши мустақим

Бар хабари манбаъ, дар манзили зист ва ҷойи кори Луке кофтукоб идома дошта, ташхисҳои футболбози марҳум ва ҳуҷҷатҳои дигар дар робита ба маризии ӯ барои тафтишот гирифта шудааст.

Ҳоло далели хунукназарӣ ва беэътиноии табиб нисбати бемор тафтиш мешавад.

Ҷаҳон бо Диего Марадона видоъ мекунад: навори маросими хайрбод

Зимнан, шабакаи Todo Noticias хабар медиҳад, ки Леополдо Луке дар ҷараёни нишасти хабарӣ бо чашмони пур аз ашк изҳор дошт, ки барои наҷоти Марадона ҳар кори аз дасташ меомадаро анҷом дод. 

Ӯ гуфт, дар марги Марадона на худро ва на каси дигарро муттаҳам намекунад.

Зимнан, пизишки футболбоз омодагии худро барои ҳамкорӣ бо тафтишот иброз дошт.

Ёдовар мешавем, Диего Марадона рӯзи 25 ноябр дар синни 60- солагӣ аз дунё гузашт.