Директори “Вектор” гуфт, пандемияи COVID-19 кай ба поён мерасад

Ринат Максютов, директори генералии Маркази давлатии вирусология ва биотехнологияи “Вектор”-и Русия, итминон дорад, ки пандемияи COVID-19 соли 2021 хотима меёбад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ба гуфтаи ӯ, амалан дар вирус ягон тағирот вуҷуд надорад ва он на бештар аз 0,1 фисад тағйир меёбадхабар медиҳад РИА Новости.

Маризони COVID-19-ро табобат мекарду худ аз он даргузашт: фавти табиби тоҷик дар Русия

Пандемияи COVID-19 хотима ёбад ҳам, аммо худи коронавирус боқӣ хоҳад монд, гуфт Ринат Максютов, дар ҷашнвораи онлайнии Science Bar Hopping.

Вай қайд кард, ки вақте шумораи сироятҳо ҳар рӯз меафзояд, баробари ташаккули кофии иммунитети ҳамагонӣ хотима меёбад, зеро барои ин тақрибан нисфи аҳолӣ бояд эм карда шаванд.

Максютов илова намуд, ки аллакай 35 ҳазор вояи ваксинаи коронавируси  “EpiVacCorona”-ро Маркази “Вектор” истеҳсол кардааст. Аз ин шумор, тақрибан 5 ҳазораш барои таҳқиқот фиристода шудаву боқимонда моҳи декабр ба муомилоти шаҳрвандӣ хоҳанд рафт.

Олимони Чин мегӯянд, сарчашмаи COVID -19 Ҳиндустон аст

Тибқи маълумоти ТУТ,  давоми як рӯзи охир дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус беш аз 564 ҳазорро ташкил дода, 8985 нафар фавтидаанд.

Мавҷи дуюми COVID-19 ба шаҳри Истиқлол ҳам расид: 5 нафар сироят шуда, шифо ёфтаанд

Теъдоди рекордии гирифторон рӯзи шанбе (747 082 ҳазор) сабт карда шуд.