Ҷолибтарин лаҳзаҳои бозии ситораҳои бокси ҷаҳонӣ - Тайсон ва Ҷонс: гузориши аксӣ

Sputnik

Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт.

Пушти сари ҳар яке ин ду муштзан беш аз 50 муҳориба аст ва ҳар ду муштзан собиқ Чемпиони ҷаҳон мебошанд.

Русия Майк Тайсонро ба Маскав даъват карданист

Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.

Тайсон мухлисонашро дар ҳайрат гузошт. Пеш аз муҳориба ӯ гуфт "ҳаяҷон дораду сину солаш рафтааст".

“Ман Брюс ли ҳастам? Шумо чӣ фикр мекунед? Ман 54 сол дорам. Мехоҳам ӯро нокаут кунам? Бале” – гуфт Тайсон.

Аммо вақте, ки ба ринг баромад сину сол фаромуш шуд. Ӯ тамоми тавоноии худро нишон дод. Тайсон рақиби худро мисли давраи ҷавонӣ ба кунҷи ринг мебурду муштҳои сангин мезад. Дар ин муҳориба Тайсон аз даврони ҷавониаш, ки ӯро "Тайсони оҳанин" меномиданд, ҳеҷ фарқияте надошт.

Муҳорибаи пурраи Майк Тайсон ва Рой Джонс - навор

Рой Джонс дар ин муҳориба натиҷаи хубе нишон надод. Аммо баъди 8 раунд доварон эълон карданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашуд. Аммо аксари мухлисони бокс бар онанд, ки дар ин муҳориба Майк Тайсон пирӯзӣ ба даст овард.

 

1 / 10
Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Аксари мухлисони Тайсон бар онанд, ки ӯ пирӯз шудааст, аммо ба ҳар ҳол муҳориба мусовӣ ба анҷом расидааст
2 / 10
Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.
3 / 10
Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.
4 / 10
Аммо вақте, ки ба ринг баромад сину сол фаромуш шуд. Ӯ тамоми тавоноии худро нишон дод.
5 / 10
Тайсон рақиби худро мисли давраи ҷавонӣ ба кунҷи ринг мебурду муштҳои сангин мезад.
6 / 10
Дар ин муҳориба Тайсон аз даврони ҷавониаш, ки ӯро "Тайсони оҳанин" меномиданд, ҳеҷ фарқияте надошт.
7 / 10
Рой Джонс дар ин муҳориба натиҷаи хубе нишон надод. Аммо баъди 8 раунд доварон эълон карданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашуд.
8 / 10
Аммо аксари мухлисони бокс бар онанд, ки дар ин муҳориба Майк Тайсон пирӯзӣ ба даст овард.
9 / 10
Худи муштзани номӣ Майк Тайсон аз хулосаи доварон норозигӣ кард ва як каме аз доварон хашмгин шуд. Аммо ба рақиби худ дӯстона рафтор кард.
10 / 10
Рой Джонс пас аз муҳориба гуфт, муштҳои Тайсон ба ӯ мушкилоти зиёде ба бор оварданд