Вируси корона сабаб шуд: воридот аз Қазоқистон коҳиш ёфт

Сомонаи Баррасии мубодилоти тиҷорӣ (LS) гузориши худро дар бораи таркиби маҳсулоти тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон дар 10 моҳи гузашта мунташир кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Маҳсулоти содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ин муддат маводи ғизоӣ, гандум, сӯхт, равғани моеъ ва анвои оҳану сангҳои тазйинӣ будааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ.

Тавофуқ барои хориҷ кардани муҳочирони тоҷикистонӣ аз Қазоқистон

Гуфта мешавад, ки аз ибтидои имсол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 184 миллион доллар маводи ғизоӣ, 132,5 миллион доллар гандум, 73 миллион доллар гази моеъ, 51 миллиону 300 ҳазор доллар анвои оҳан ва 42 миллиону 700 ҳазор доллар сангҳои тазйинӣ ворид шудааст.

Ҳамчунин Қазоқистон имсол содироти бензин ба Тоҷикистонро оғоз кард.

Тоҷикистон ба Қазоқистон ба таври умда маҳсулоти кишоварзӣ, маъданӣ ва филизоту обмева содир мекунад.

Бар асоси ин гузориш дар 10 моҳи гузашта, дар шароити густариши вируси корона содироти Тоҷикистон ба Қазоқистон ба ғайр аз маводи маъданӣ, филизот ва обмева дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиш ёфтааст.