ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар дидорҳои ҷудогонаи сафирони Эрон ва Олмон дар Душанбе бо вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, заминаҳои ҳамкориҳои чандҷонибаи саноатӣ ва фанноварии дуҷониба ба баҳсу табодули назар гузошта шуд.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ахиран дар саҳифаи Инстаграмми худ навишт, ки дар дидор бо вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон Шералӣ Кабир заминаҳои ҳамкории ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаҳои гуногуни саноат, маъдан ва фанновариҳои навин мавриди табодули назар ва гуфтугӯ қарор гирифт.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон бо сафири Олмон дар Душанбе дар мавзӯи тақвияти равобити дуҷониба дидору гуфтугӯ кард.
Дар дидори Шералӣ Кабир ва Андреас Протманн тарафҳо дар бораи истифода аз таҷрибаҳои Олмон барои рушди фанновариҳои навини саноатӣ дар Тоҷикистон табодули назар карданд.