Мурда зинда шуд: пирамарде пас аз "марг" аз коронавирус ба манзилаш баргашт

Ҳангоми сӯзонидани мурда наздиконаш рӯйи майитро ба сабаби он, ки дар масофаи дуртар қарор доштааст, надидаанд. Маълум гардидааст, ки "мурда"-ро бо нафари дигаре иштибоҳ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Як сокини Ҳиндустон пас аз ҳафт рӯзи расидани хабари маргаш аз бемористон ва сӯзонидани "ҷасадаш" ба манзилаш баргаштааст. Аммо ин ҳодиса мӯъҷизае набуда, танҳо табибон ҷасадро иштибоҳ кардаанд.

Мурда зинда шуд: доду вой аз яхдони мурдахона ҳуши посбонро парронд

Тавре телевизионҳои Ҳиндустон хабар медиҳанд, мард ба бемории коронавирус гирифтор шудаву ба бемористони Барасат бистарӣ гардида будааст.

Пас аз чанд рӯз ба хонаводаи ӯ хабар додаанд, ки пирамард ҳалок шудааст.

Қайд карда мешавад, ки ҷасадро, мувофиқи талаботи беҳдоштии коронавирус дар халтаи полиэтиленӣ нигоҳ медоштанд. Дар ҳамин ҳол, рӯйи мурдаро танҳо аз масофаи дур дидан мумкин буду халос.

"Мо ҷасадро сӯзонидем ва омода будем, ки маросими Шраддха (маросими мурда дар дини ҳиндуӣ) баргузор кунем. Аммо ба мо аз бемористон занг заданд ва гуфтанд, ки падарам сиҳат шудаасту барои овардани вай бояд Ёри таъҷилӣ даъват кунем. Мо ҳайрон ва шигифтзада шудем. Намедонам, ки мурдаи киро сӯзонида будем", - гуфтааст писари мард.

Вақте қазияро тафтиш кардаанд, маълум гардидааст, ки як марди солхурдаи дигаре низ аз коронавирус ҳалок шуда будааст. 

Дар Ҳиндустон роботҳо дар мубориза алайҳи коронавирус ба табибон кумак мерасонанд - навор

Феълан, ҳодисаро Вазорати тандурустии Ҳиндустон таҳқиқ мекунад.