Гӯшт арзон мешавад? Агентии назди президент омори нав пешниҳод кард

Агентии омори назди президент омори нави рушди чорвопарварӣ дар Тоҷикистонро нашр кардааст. Мувофиқи он саршумории чорвои калон рӯ ба афзоиш аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Саршумории чорвои калони шохдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 фоиз зиёд гардидааст, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба Агентии омори назди расиҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои тозаи агентӣ, аз моҳи январ то 1 октябри соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2368,5 ҳазор сарро ташкил додааст.

"Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 5854,3 ҳазор сарро ташкил дода, 89,1 ҳазор сар ё 1,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз саршумори умумӣ 92,9 фоизи чорвои калони шохдор ва 81,0 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд", - менависад манбаъ.

Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ВМКБ 1,5 фоиз, вилояти Суғду Хатлон 0,9 фоизӣ ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 0,7 фоиз зиёд гардидааст.

Гордеев гуфт,  чӣ гуна Тоҷикистон метавонад кишварро бо гӯшти худӣ таъмин кунад

Мавриди зикр аст, ки аз моҳи январ то сентябри соли равон истеҳсоли гӯшти гов нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 фоиз афзудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 27 ноябр дар мамлакат Фестивал – намоиши чорвои зотӣ ҷараён дорад, ки он се рӯз идома меёбад. Ҳадафи чорабинӣ хушзоткунии чорвои калону майда, зиёд намудани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дар ҷумҳурӣ, меъёрҳои ғизодиҳии чорво ва ҳифзи чорвои маҳаллӣ мебошад.

Гӯшт, шир ва тухм арзон мешавад? дар Суғд истеҳсолот афзоиш ёфт

Дар Фестивал-намоиши мазкур аз тарафи хоҷагиҳои чорводорӣ ва шахсони алоҳида 320 сар чорвои калон, 1060 сар чорвои майда, 50 сар асп, аз қабили чорвои калони зотҳои сиёҳало, шветсузебумонанд, сименталӣ, сарсафед, моли майдаи зотҳои тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ маҳинпашм ва бузи тоҷикии серпашм ба намоиш гузошта мешаванд.