Даъвати Боку аз кишварҳои исломӣ барои ҳамкорӣ дар ободонии Қарабоғи Кӯҳӣ

Вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон аз кишварҳои исломӣ хост то барои иҷрои тарҳҳои зерсохтӣ дар минтақаи Қарабоғ ширкат кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Микоил Ҷабборов,  вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон дар 36-умин ҷаласаи Кумитаи доимии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Созмони Ҳамкории Исломӣ гуфт, иҷрои зерсохтҳои ҷадидӣ ва тарҳҳои сохтумонӣ дар минтақаи озод шудаи Қарабоғ, якӣ аз аслитарин вазоифе аст, ки ҷумҳурии Озарбойҷон дар пеши рӯ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей дар истинод пойгоҳи хабарии Ҳақоиқи Қафқоз.

Роҳ ба сӯи сулҳ: Русия чӣ гуна ба сокинони Қарабоғ кумак мерасонад

Дурнамои тозасозии Қарабоғ аз минаҳо

Вай бо ишора ба нақши муҳими Созмони Ҳамкории Исломӣ дар беҳбуди рифоҳ дар ҷаҳони ислом эълом кард, дар ин минтақа фурсатҳои бисёре барои сармоягузории кишварҳои исломӣ вуҷӯд дорад.

Чӣ гуна афсонаҳои тавоноии “Байрактар”-ҳои туркӣ дар Қарабоғ пайдо шуданд

Ин нишаст ба сӯрати видеоӣ ба раёсати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, намояндагони муассисоти тахассусии ин созмон ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи байналмилалӣ баргузор шуд.