Маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон ҳамаро ниқобпӯш кард. Дар аксар кишварҳо ниқобро ба муд ҳам шомил намуданд ва шаклу намуди онро ба ҳар васила оро ва дигаргун мекунанд.
Масҷидҳои Қазоқистон барои намозҳои панҷвақта боз мешавад: бо ниқоб ва фосила
Аз ҷумла дар Ҷопон ниқобҳои тиббиро бо алмосу марворид ороиш додаанд.
Нархи як ниқоби табиӣ, ки бо алмос ва марворид оро дода шудааст, наздики 9 ҳазор доллар арзиш дорад.
Ин гуна ниқоб дар яке аз маъруфтарин мағозаҳои Ҷопон барои харид ба муштариён пешниҳод мешавад.