Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон марзи 62 миллион нафарро убур кард

Коронавирус ҳамоно аксар кишварҳои ҷаҳонро дар ҳолати ногузир қарор додааст. Ҳоло теъдоди умумии гирифторони индард дар ҷаҳон марзи 62 миллион нафарро убур кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумораи  гирифторони маризии коронавирус дар ҷаҳонро аз 62 миллион нафар бештар арзёбӣ мекунад.

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, танҳо дар 24 соати гузашта зиёда аз 613 ҳазор нафр тоза мубталои ин дард гардиднд.

Зимнан, шумонарӯзи гузашта дар ҷон беш аз 10 дардманди коронавирус фавтида, теъдоди умумии қурбониён акнун ба 1 миллиону 444 нафар баробар шуд.

Омори СҶБ танҳо маълумоти расман тасдиқшуда дар бораи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки давлатҳо пешниҳод кардаанд, ба назар мегирад.

Маҳдудиятҳо тамдид мешаванд: Собянин вазъи коронавирус дар Маскавро нигаронкунанда гуфт

Рӯзи 28 ноябр созмони мазкур дар бораи 62 004 949 ҳолати тасдиқшудаи COVID-19 ва 1 449 308 фавт маълумот гирифт. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 613 237 ва фавт 10 821 нафар зиёд шуд.

Иёлоти Муттаҳида Амрико аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои аввал мебошад — 13 454 346. Баъд аз он Ҳиндустон (9 351 224), Бразилия (6 238 350), Русия (2 215 533), Фаронса (2 196 119), Испания (1 646 192), Британияи Кабир (1 589 301), Италия (1 538 277), Аргентина (1 407 277), Колумбия (1 290 510), Мексика (1.090.675) ва олмон (1 027 325) қарор доранд.