Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард

Ожонсии зидди фасод аз боздошти мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 23 - и шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Кормандони Ожонси зидди фасод, Сафарова Латофат Саъдиевнаро боздошт намуданд, ки дар фиреби як зан муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор мекард.

Ӯ бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49 ҳазору 300 сомониро талаб карда гирифта буд.

Ятимов боздошт шуд: замин ваъда доду беш аз 1 миллион сомонии 6 корафтодаро азхуд кард

Манбаъ меафзояд, Сафарова маблағи мазкурро гирифта ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.

Ҳоло нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст.