ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷасала, ба аъзои ҳукумати кишвар ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои ҳукумат барои таъмини кори муназзами муассисаҳои тандурустӣ ва маорифу фарҳанг, таъминоти босифат ва саривақтии аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супоришҳо додааст.
Ҳамзамон раисҷумҳур барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, пеш аз ҳама дар муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ҳолат хуби омодагӣ нигоҳ доштани роҳҳо ва тамоми иншооти энергетикӣ дастур додааст.
Президент ба ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда, махсусан пахта ва дар маҷмуъ назорати қатъии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат махсусан таъкид кардааст.
Ёдовар мешавем маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон чандест идома дорад.
Қарзи "Барқи тоҷик" ба 154 миллион доллар расид
Барфу сардиҳои ахир ин маҳдудиятро мушкили рақами аввали мардум гардонидааст, аммо масъулини ширкати "Барқи тоҷик" то кунун расман инро шарҳ надодаанд.