Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои ситондани пул аз ҳамватан дар Русия

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамватанаш бо истифодаи зӯроварӣ ҳамаи маблағҳои доштаашро ситондааст. Муттаҳам боздошт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Аз шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург наздики 150 ҳазор рубл ситонда шудааст, хабар дод ФАН бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҷабрдида дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштааст, ки ӯро гурӯҳи муҳоҷирон мавриди фишор қарор додаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки амали ин гуруҳро як нафар роҳбарӣ менамудааст.

Манбаъ афзуд, ки нахуст аз ҷабрдида 50 ҳазор рублашро гирифта, баъдан маҷбур кардаанд, ки боқимондаи пулро аз корти бонкияш гирифта диҳад.

Дар маҷмӯъ маблағе, ки аз ҷабрдида ситонда шудааст, 149 ҳазор рублро ташкил додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштаанд, ки муттаҳам дар ташкили ғоратгарӣ боздошт шудааст. Муайян гардидааст, ки ӯ ҳамватани ҷабрдида буда, феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.