Сӯхтор дар кӯдакистони қадимии шаҳри Бохтар

Дар Кӯдакистони рақами 2-и шаҳри Бохтар сӯхтор ба амал омад. Онро шонздаҳ нафар наҷотбахшон хомӯш карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода cӯхтор рӯзи 25-уми ноябри тақрибан соатҳои 07:20 дақиқа рух дод.

КҲФ мегӯяд, баъди гирифтани хабари фаврӣ дастаи махсуи зудамали наҷоти бахши Раёсат дар шаҳри Бохтар, дар ҳайати 16-нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, якҷо бо хадамоти оташнишонии шаҳри Бохтар, барои хомӯш намудани алангаи оташ ва кӯчонидани молу амволи Кӯдакистони мазкур мусоидат намуданд.

Фавти 4 муҳоҷири тоҷику ӯзбек дар Самара: 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд

"Дар рафти сӯхтор дар Кӯдакистони №2-и шаҳри Бохтар, талафоти ҷонӣ бақайд гирифта нашудааст", - омадаатс дар хабарномаи КҲФ.

Манбаъ афзудааст, ки ин боғча яке аз кӯдакистонҳои хеле қадимии шаҳр аст ва он дар назди Коллеҷи тиббии шаҳр ҷой гирифтааст.

Даҳшат: сӯхтор дар Смоленкс ҷони 5 кӯдак ва 2 калонсолро гирифт

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд.