ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодисаи мудҳиш рӯзи 26-уми ноябр, тахминан соати 10:30-дақиқа, рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи худрави тамғаи "КАМАЗ-ХОВА" аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада пиёдагардро пахш намудааст.
Маҳмадаминов дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт: ду мусофири дигар ба беморхона интиқол ёфтанд
Ронанда Бобоев Навруз Бобоевичи сокини 32 - сола, дар шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан бо қисми қафои чархи мошин, пиёдагард - сокини ноҳияи Шаҳринав Пиров Нарзиқул Остонқуловичи 59 - соларо пахш кардааст.
Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт
"Дар натиҷа, пиёдагард Пиров Н.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.