Қиссаи Лайлои "доишӣ": ҳомиладории ман ҳам сари роҳи шавҳарам ба Сурия нашуд - видео

Лайло Алиева ва шавҳараш ҳарду ба сафи гурӯҳи террористӣ пайваст шуданд. Онҳо дар Маскав ақоиди радикалиро таблиғ ва барои эҳтиёҷоти он маблағ ҷамъ мекарданд, то замоне ки дастгир шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ин зан ҳамагӣ чанд вақт пеш ҷангии ДОИШ буд, гузориш медиҳад телевизиони НТВ.

Лайло дар Маскав таваллуд шудааст, бо забони русӣ хело хуб сӯҳбат мекунад. Ӯ то дирӯз яке аз таблиғкунандагони фаъоли гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - идора) буд. 

Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд

Ин занро як блогери доғистонӣ Алибек Мирзохонов тавассути шабакаҳҳои иҷтимоӣ ба ДОИШ гаравонид.

Маҳз Мирзохонов Лайлоро вордор мекард, ки барои эҳтиёҷоти гурӯҳи террористӣ миллионҳо рубл ҷамъоварӣ кунад.

"Асосан нафароне, ки аллакай бо ҷурми даст доштан ба терроризм адои ҷазо кардаанд, маблағгузорӣ мекарданд", - мегӯяд Лайло.

 

Зан бо шавҳараш бо Мирзохонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуданд.  Блогер онҳоро дарҳол бо ақоиди ДОИШ шинос кардаву ба сафи террористон ҷалб кардааст. 

Ҳамсаронро ду маротиба кӯшиши ба Сурия ирсол карданро карданд. Онҳо ду маротиба то Туркия сафар карданд, аммо ду бор аз роҳ ба пойтахт бармегаштанд. 

Лайло мегӯяд, дар Туркия дар шароити сахте як-якуним моҳ истоданд.

Ҳамлаи ҷангиёни ДОИШ ба таваллудхонаи Афғонистон: 14 кушта ва 15 - и дигар захм бардоштанд

"Мо бо шавҳарам дар биноҳои алоҳиба зиндагӣ мекардем. Бо нафаре сӯҳбат кардан мамнӯъ буд. Ҳатто наметавонистем ба волидонамон занг занем ва аҳволпурсӣ намоем", - мегӯяд зан.

Кӯдак роҳи шавҳарро ба гурӯҳи террористӣ нагирифт

Вақте шавҳари Лайло хабардор шуд, ки ҳамсараш ҳомила аст, аз роҳаш ба гурӯҳи террористӣ барнагашт. 

Дар ҳамин ҳол, онҳо тавонистанд аз Туркия ба Маскав баргарданд, аммо дар пойтахти Русия Миррзохонов ба зану шавҳар  имконият надод, ки роҳи  осоиштаро пеш гиранд.

Бар замми ин, шавҳари Лайло ба номи роҳбари ДОИШ байъат карда буд ва ба номи "амир"-и "Давлати исломӣ" қасам хӯрда буд, ки то дами марг ба ақоидаш содиқ мемонад.

"Онҳо акнун моро ба воситаи кӯдакамон таҳдид мекарданд. Мегуфтанд кӯдакатро барои ҷанг ба Сурия мебаранд", - меафзояд вай.

Ба гуфтаи шоҳидони ҷанги гурӯҳи террористӣ, ДОИШ кӯдаконро аз сесолагӣ ба ҷанг омода мекунад. 

"Ба дасти кӯдакон аз сесолагӣ силоҳ медиҳанд. Нафароне, ки ҷисман камқувватанд, бомбафкан мешаванд", - омадааст дар гузориши телевизион.

Ду зан куштаю 3 боздошт шуданд: "ДОИШ аз занҳои истаравшанӣ маргталаб омода кардааст"

Ҳамин тавр, кормандони ФСБ Русия  аввал шавҳари Лайло ва сипас худашро дастгир карданд.

Феълан, зан дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунад.