Ду заминҷунбӣ дар як рӯз: маркази зилзила марзи Афғонистону Тоҷикистон

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар як рӯз ду маротиба бо фосилаи чанд соат замин ҷунбид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Зилзилашиносони байналмилалӣ якбора ду заминҷунбиро дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд, иттилоъ додааст, Хадамоти геофизикии воҳиди Академияи улуми Русия.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон сокинонро такон дод

Аввалин заминҷунбӣ санаи 26 ноябр соати 13:01 дақиқа сурат гирифт, ки қувваи зилзила дар маркази он 4,5 баллро ташкил медод, аммо дуввумин заминларза соати 20:27 дақиқа ба вақти маҳали сурат гирифт, ки қувваи он ба 4,6 балл расид.

Макони ҳар ду заминҷунбӣ наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон будаааст.

Бояд қайд кард, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ду заминларза, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ сурат гирифтааст, ҳеҷ шарҳе надодааст.

Ҳамчунин, дар ҳоли ҳозир, дар бораи нафарони осебдида ва харобиҳо низ  маълумоте вуҷуд надорад.

Бояд қайд кард, ки бори ахир заминҷунбӣ дар Тоҷикистон санаи 19 ноябри соли равон ба қайд гирифта шуда буд. Он замон қувваи зилзиларо ҳатто дар қаламрави Гулистон ва Ҷизахи Ӯзбекистон эҳсос карданд.