Даргузашти Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ даргузашт, хабар медиҳад рӯзномаи "Тоҷикистон" дар истинод ба Феликс Лоҳутӣ, писари Гев.

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав буд.

Як қаҳрамон дар се кишвар: саргузашти Абулқосим Лоҳутӣ – навор

Аз Абулқосим Лоҳутӣ ва Ситсилия –Бону чор фарзанд – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло тавлид шудаанд, ки як умр дар Маскав зистанд.

Гев Лоҳутӣ солҳои охир бемор буд ва дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш ба бемористон интиқол ёфт.

Гев, ки соли равон 83- сола шуд, нигаҳдорандаи бойгонии падар буд. Лайло Лоҳутӣ дар як суҳбат гуфта буд, ки сурудҳои дар асоси эҷодиёти падараш эҷодшуда дар хонаи Гев нигаҳдорӣ мешавад ва онҳо ҳар вақт онро мешунаванд.

Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Фелекс қаблан хабар дода буд, ки "Чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад".