Дар рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон боз барф мебораду меғ мефарояд

Охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон ҳаво боз сард мешавад. Ҳавошиносон пешбинӣ мекунанд, ки ин рӯзҳо барф меборад, тундбод мешавад ва меғ (туман) мефарояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки шанбеву якшанбе дар Тоҷикистон дубора ҳаво сард шуда, бориши барфу борон дар назар аст.

Ҳамин тавр, 28-29 ноябр дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ абрнок шуда, баъзан суръати шамол то 15 метр-сонияро ташкил медиҳад ва бориши борон дар назар аст.

Ҳавои беборишу тағирёбанда: дар Душанбе меғ мефарояд

Дар бархе аз ноҳияҳои НТМ фаромадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳаво рӯзона то + 6 дараҷа ва шабона то + 3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ бошад то - 5 дараҷа сардӣ пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд бориши борону барф дар назар аст. Шамол дар ин минтақа боз сахттар, то 28 метр сония мевазад. Дар умум дар вилояти Суғд шабона то - 1 дараҷа сард ва рӯзона то + 6 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ вазъи обу ҳаво ҳамингуна хоҳад буд. Дар Хоруғ шабона то -2 дараҷа сард ва рӯзона аз 3-5 дарҷа гарм мешавад.

Мудири ҳавошиносони Тоҷикистон гуфт, хизматрасониҳо беҳтар мешаванд

Дар ноҳияи Мурғоб гоҳ-гоҳ бориши барф дар назар дошта шудааст , шабона то -13 дараҷа ва рӯзона то -2 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи Помир, ки минтақаи сардтарини Тоҷикистон аст, ҳаво аз -18 то -23 дараҷа хоҳад шуд.

Ҷануби Тоҷикистон дар ин рӯзҳои истироҳатӣ минтақаи гармтарин аст- бориш дар назар дошта нашудааст, аммо тумани зиёде хоҳад фаромад. Рӯзона то 13 дараҷа гарм ва шабона то 0 дараҷа сард мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳӣ то -5 дараҷа мешавад.

Барф, борон ва сардӣ: пешбинии дақиқи ҳавошиносон дар Тоҷикистон

Афзун бар ин, бино бар иттилои Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии гидрометеорология сатҳи ифлосшавии ҳаво дар шаҳрҳо нисбат ба ҳафтаи гузашта каме тағйир ёфтааст.

Параметрҳои метеорологӣ, аз қабили борон, ба коҳиш ёфтани консентратсияи ифлоскунандаҳо мусоидат карданд.