Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи бисту шашуми ноябр, Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунати занон ва Рӯзи сулҳи низомии Русия таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 26 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Соли 2014 раисҷумҳури Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бӯстонсароии шаҳрии Ҳукумати  Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ карданд.

Соли 2010 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро муҳокима намуд.

Соли 2014 қонунҳои Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
  • Дар Ҷумҳурии Суринам - Рӯзи истиқлолият.
  • Рӯзи сулҳи низомии Русия

Рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1887-1943) – генетик, ботаник ва географи машҳури рус Николай Вавилов.

Солҳои (1934-1984) – оҳангсоз Дости Орзуев.

Солҳо (1938-2007) – ходими хизматнишондода Асрор Рашидов.