Соҳибкор Раҷабов барои сокинони Муъминобод Маркази саломатӣ сохт

Дар маркази мазкур 12 нафар пизишкони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуда, барои аҳолии се деҳа хизматрасонӣ хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ, сокинони се деҳаи дурдасти ноҳияи Муъминобод соҳиби  Маркази замонавии саломатӣ гардиданд.

Саломат бошед: дар шаҳри Конибодом маркази саломатӣ ифтитоҳ шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Раҷабов Шодибек дар деҳаи Деҳбаланди Ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ Маркази тиббӣ сохт.

Вазири мудофиа аз ҳисоби худ дар деҳа Маркази саломатӣ сохту мошин туҳфа кард (АКС)

Бар хабари манбаъ, Маркази саломатӣ аз ҳуҷраҳои  қабули беморон, табиби оилавӣ,  ташхиси занон, хатна ва  доругузаронӣ  иборат  буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

"Муассисаи мазкур аз маркази ноҳияи Муъминобод 7 километр дур буда, дар Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд калонтарин муассисаи тиббӣ ба ҳисоб меравад", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар маркази мазкур 12 нафар табибони маҳаллӣ фаъолият намуда, ба сокинони се деҳаи атрофи ҷамоат, ки дорои 605 хоҷагӣ ва 4176 аҳолӣ мебошанд, хизмати тиббӣ мерасонанд.