Пешниҳоди Матвиенко барои афзоиши намояндагии донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон

Агар ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд бошад, Русия намояндагиҳои донишгоҳҳояшро дар ин ҷумҳурӣ зиёд мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Русия метавонад, намояндагии донишгоҳҳояшро дар Тоҷикистон зиёд кунад, изҳор дошт раиси Шӯрои Федратсия, Валентина Матвиенко.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар Маскав бо Володин телефонӣ суҳбат кард

Ин нуктаро Матвиенко рӯзи чоршанбе дар Маскав зимни ҷаласаи Комиссияи ҳамкории Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон изҳор дошт.

“Мо медонем, ки солҳои 2020-2040 дар Тоҷикистон 20-солаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ эълон гардидаанд”, - гуфт Матвиенко.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин бахш метавонад заминаи хуби ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия гардад.

“Агар Тоҷикистон ҳавасманд бошад, имкон дорад намояндагиҳои донишгоҳҳои беҳтарини Русия дар ин кишвар зиёд карда шавад, ҳамкорӣ дар бахши маориф, табодули технология дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тиб ва дигар илмҳо таҳким дода шавад”, - илова намуд раиси Шӯрои Федератсия.

Матвиенко гуфт, комиссияи ҳамкории байнипарлумонӣ метавонад дастбакор шавад, то 20-солаи эълонкардаи роҳбарияти Тоҷикистон самаранок гардад.