Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Дар ҷаласаи Шӯрои махсуси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бахши сиёсати умури муҳоҷират натиҷаҳои вазъ дар замони пандемияро ҷамъбаст карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Маркази вокунишҳои буҳронии СААД таҳти раёсати ноиби аввали вазири умури дохилии Русия, генерал-полковник Александр Горовой ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кишварҳои узви СААД баргузор гардид.

Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои масъули мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ иштирок карданд.

Валерий Семериков, ноиби дабири кулли СААД, зикр намуд, ки паҳншавии коронавирус одоти зиндагӣ тақрибан дар тамоми ҷаҳонро тағйир дод.

 Ӯ зарур хонд, ки бояд пайомадҳои пандемия хеле дақиқ таҳлил карда шаванд ва бояд роҳҳои ҳалле дар умури муҳоҷират пешниҳод гарданд, дар сурате агар чунин вазъият боз такрор шавад.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки вазъи муҳоҷират сарфи назар аз мушкилоти пайдошуда дар маҷмӯъ муътадил ва назоратшаванда мебшад.

Инчунин хабар дода шуд, ки соли 2021 амалиёти махсуси минтақавии СААД таҳти унвони “Нелегал” гузаронда хоҳад шуд. Ҷаласаи оянда дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, чун роҳбарӣ дар СААД ба ин кишвар мегузарад.