ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар намоишгоҳи маъруф ба “ВДНХ”-и Маскав боз гӯшаи Тоҷикистон пайдо хоҳад шуд, хабар дод шаҳрдории пойтахти Русия.
Қарор барои ташкили гӯшаи миллии Тоҷикистон дар ҳудуди Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқро шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин ва Рустами Эмомалӣ қабул кардаанд.
Мулоқоти Собянин ва Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари кории раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Маскав сурат гирифт.
Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав
“Ҷонибҳо созиш кардаанд, ки баррасии лоиҳаи гӯшаи миллии Тоҷикистон дар ВДНХ, ба истилоҳ “корти муаррифигар”-и Тоҷикистон дар Русияро идома хоҳанд дод”, - хабар додааст котиботи шаҳрдории Маскав.
Инчунин роҳбарони пойтахтҳои Тоҷикистону Русия барномаи ҳамкорӣ то соли 2023 дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва технологияҳои информатсиониро имзо кардаанд.
Созиш барои ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар ВДНХ дар ҳолест, ки дар замони шӯравӣ чунин як гӯша вуҷуд дошт.
Сохтумони ғуфраи муаррифигари Тоҷикистон дар ВДНХ соли 1937 оғоз гардид ва дар соли 1939 ба истифода дода шуд. Бинои он баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ азнавсозӣ шуда буд, аммо соли 1965 ғуфраи Тоҷикистони Шӯравӣ аз ВДНХ нест карда шуд. Далели тахриби гӯшаи Тоҷикистонро, ки ҳудуди 5 ҳуҷра доштааст, бархе муаррихон ба ҷавобгӯй набудан ба талаботи техникӣ рабт доданд.