Рустами Эмомалӣ аз мушкили муҳоҷирон гуфт: афв то 15 декабр

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо Александр Жуков, муовини якуми раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, густариши ҳамкориҳо аз ҷумла дар бахши муҳоҷирату иқтисодиётро баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ 25 ноябр дар Маскав зимни мулоқот бо Александр Жуков таваҷҷуҳи ҷониби Русияро ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб карда, онро яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба арзёбӣ намудааст.

Манбаъ афзуд, дар мулоқот зикр гардид, ки паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон дар фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе маҳдудиятҳоро ба миён овард.

“Дар ин робита тазаккур дода шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия ҳузур дошта, баъзе ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 авф гардида, метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд”, - таъкид шудааст дар иттилоияи котиботи Рустами Эмомалӣ.

Инчунин ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки ояндаи наздик бо тағйирёбии вазъ маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 аз байн бардошта мешаванд.

Тоҷикона: саломи бехатари Рустами Эмомалӣ дар Маскав

Котиботи Маҷлиси миллӣ илова намуд, ки дар мулоқот ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҳоло иқтидорҳои зиёди истифоданашудаи ҳамкорӣ мавҷуд мебошад.

Бо арзи адаб: Рустами Эмомалӣ Валентина Матвиенкоро ба Тоҷикистон даъват кард

"Дар ин робита барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи ашёи маҳаллӣ бо истифодаи технологияи Русия ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои ин кишвар имкониятҳои фарох фароҳам гардидааст", - афзуд манбаъ.