ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Бонки содиротию воридотии Чин ва Бунёди кувайтии рушд розӣ шудаанд, ки баргардондани қисме аз қарзҳояшон мавқуф гузошта шавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, дар доираи ташаббуси кишварҳои G-20 хизматрасонии 43,2 миллион доллари амрикоии қарзӣ, ки аз Бонки содиротию воридотии Чин ва Фонди кувайтии рушд ҷалб гардид, то охири соли 2021 мавқуф гузошта шуд.
"Чунин ҳамкорӣ бо Клуби Париж, Бонки KFW-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Бонки "Натикс"-и Ҷумҳурии Фаронса ва Департаменти кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад", - навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Қаҳҳорзода.
Манбаъ афзуд, дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 миллион доллари амрикоӣ бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шуд.
Вазир: қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 43 дарсади ММД расид
Вазири молия таъкид кард, ки дар боробари созишномаҳои имзошуда инчунин ҷалби 562 миллион доллари амрикоии қарзии имтиёзнок дар назар аст.
Тибқи иттилои расмӣ, то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,7 миллиард доллари амрикоӣ, ё худ 43,3 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2021 ҳудуди 213,5 миллион доллар, соли 2022 - 238,2 миллион ва соли 2023 - 243,3 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.