ДУШАНБЕ, 25 ноя - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Русия қарор дорад.
Ин нахустин сафари сиёсатмадор ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ ба ҳисоб меравад. Бар замми ин, сафар дар замони ҳамагирии коронавирус сурат гирифт. Дар замоне, ки бештари мулоқотҳои расмии байналмилаливу хориҷӣ тариқи тамоси видеоӣ анҷом меёбанд.
Тавре пештар иттилоъ дода шуд, дар ин бора раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко низ махсус қайд кард.
"Ҳоло, аксар мулоқоту вохӯриҳо дар шароити видеоӣ мегузаранд, вале мулоқоти мо на фосилавӣ, балки бевосита рӯбарӯ баргузор мегардад, ки ин барои ман бисёр хуш аст", - гуфт вай.
Тавре аз гузоришҳои аксиву видеоӣ дида мешавад, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳангоми аҳволпурсӣ даст пеши бар мегирад.
Ӯ ҳангоми фуруд омадан аз ҳавопаймо бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Илёс Умархонов аз саломи тоҷикона истифода мекунад. Рустами Эмомалӣ ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Валентина Матвиенко низ даст пеши бар мегирад ва аҳволпурсӣ менамояд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин амали раиси Маҷлисро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, гуфтаанд, дар замони пандемӣ бехатартарин салом аст.
Аз дастфишории Трамп то меҳрубонӣ ба кӯдакон: саломҳои Раҳмон дар 25 соли президентӣ - акс