Даргузашти Мансурҷон Қосимов, куҳансарбози 103-сола дар Суғд

Яке аз куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Суғд Мансурҷон Қосимов дар сини 103-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Сафи иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон боз ба як нафар кам шуд. 

Дар шаҳри Конибодом Мансурҷон Қосимов, куҳансарбози 103-сола вафот кард. Дар ин бора пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

Панҷ миллион сомонӣ барои кумак ба кӯчарӯбону собиқадорони ҶБВ

Бино бар иттилои манбаъ, маросими ҷаноза имрӯз, 25 ноябр соати 14:00 баргузор мешавад.

Мансурҷон Қосимов 7 октябри соли 1922 дар шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст. 

Соли 1942 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, то соли 1946 дар хизмати ҳарбӣ буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун тирандоз дар ҳайати полки тирандозии 180-и армияи 13-и фронти 1 Украина ҷангидааст.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Дар майдони ҷанг захмӣ шудааст. Маъюби гурӯҳи 2-и ҶБВ мебошад. Соли 1946 аз хизмати ҳарбӣ баргашта аз соли 1947 то 1977 дар комбинати хизмати маишӣ дар вазифаи сартарош заҳмат кашида, ба нафақа баромадааст.

Барои хизматҳои ҷангиаш бо ордени "Шараф" дараҷаи 3 медалҳои "Барои хизматҳои ҷангӣ", "Барои ҷасорат", "Барои гирифтани Берлин" ва 10 медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст.

Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Бино бар омори моҳи май, теъдоди куҳансарбозони ҶБВ дар Тоҷикистон 170 нафар аст.