ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад. Рӯзи 24 ноябр, кишвардори Тоҷикистон бо судур намудани чанд фармон, тағйироти кадрӣ баргузор кард.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Шарифзода Лутфия ба мақоми раиси ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таъйин гардид.
Гуфта мешавад, Шарифзода дар ин симмат Амиршозода Тоҳирхон Темирро иваз кард.
Ҳамчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардид. Ҷойгузини ӯ Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур гардид.
Тағйироти кадрӣ: барканории Одиназодаву Фақеров ва мансаби нави Давлатзодаю Қурбонзода
Акрамзода Рустам низ бо фармони раисҷумҳур аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шуд. Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Исматзода Азизулло Убайдулло ба курсии раиси ноҳияи мазкур такя зад.
Раисони ноҳияҳои Файзобод ва Шаҳринав низ бо фармони кишвардори Тоҷикистон иваз карда шуданд. Ба ҷойи Раҷабзода Миралӣ раиси ноҳияи Файзобод, Холзода Бобишо таъин гардид.
Раиси Шаҳринав Аюбзода Нусратулло аз мақом сабукдӯш ва ба ҷойи ӯ Носирзода Ҷаббор интихоб гардид.