"Маскав бароят шаҳри бегона нест": пазироии Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ- навор

Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо нахустин сафари кории худ озими Русия шуд, бо ҳамтои русаш Валентина Матвиенко вохӯрд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Дар Маскав мулоқоти рӯбарӯи Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко баргузор шуд. Ин мулоқот дар доираи сафари расмии ҳайати Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо даъвати раиси Шӯрои Федератсия баргузор гардид.

Матвиенко: Ғалабаи Раҳмон далели дастгирии саросарист

Дар мадҳ, Матвиено, Рустами Эмомалиро ба пойтахти Русия шаҳри Маскав хушомадед гуфта, изҳор дошт, ки "Маскав барои ӯ шаҳри бегона нест, чун ин ҷо таҳсил карда, маълумоти олӣ гирифта буд".

Гузашта аз ин, раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки Рустами Эмомалӣ барои нахустин сафари кории худ маҳз Русияро интихоб намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони пандемия ташриф овардан ба кишвари дигар боиси таҳсину офарин аст.

"Ҳоло, аксар мулоқоту вохӯриҳо дар шароити видеоӣ мегузаранд, вале мулоқоти мо на фосилавӣ, балки бевосита рӯбарӯ баргузор мегардад, ки ин барои ман бисёр хуш аст", - тавзеҳ додааст Матвиенко.

Зимнан, Матвиенко афзуд, ки Рустами Эмомалиро мулоқот бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва чанд мақомдори дигари Русия интизор аст.

Ёдовар мешавем, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.