Курсии Шамировро Мирзонабот гирифт: тағйироти кадрӣ дар Бадахшон

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи баргузор кардани тағйироти кадрӣ, раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро низ вазифа сабукдӯш кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси шаҳри Хоруғ Шамиров Кишвар Ғуломрасулович аз вазифа барканор гардид.

Раҳмон бо 13 фармон тағйироти кадрӣ баргузор кард: кӣ вазифа гирифту кӣ ронда шуд?

Барканории Шамиров дар идомаи тағйироти кадрӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон рӯзи 24 ноябр баргузор кард, сурат гирифт.

Раҳмон гуфт, парчам чун нишони сарисинагӣ ва дар хонаҳои истиқоматӣ васеъ истифода гардад

Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, ҳамакнун ба курсии раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ такя зад.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо судури 13 фармони ҷадид, раисони аксар шаҳру навоҳии кишварро ҷо ба ҷо кард.