Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд

Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2015 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъули яке аз шохаҳои гурӯҳи ДОИШ дар хориҷ иртибот барқарор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Додситонии шаҳри Маскав аз судури ҳукми 13 соли зиндон барои як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) хабар дод.

Фалокат зери по: кӯдаки даҳмоҳаи муҳоҷири тоҷик дар гаҳвора ҳалок шуд

Ба гузориши расонаҳои Русия, додгоҳи минтақаи ғарби пойтахти Русия Шерафган Сайдалиев, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро ба ҷурми иртиботу ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2015 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъули яке аз шохаҳои гурӯҳи ДОИШ дар хориҷ иртибот барқарор кардааст.

Пул медиҳам, ба Русия роҳ диҳед: муҳоҷири тоҷикро ба додгоҳ мекашанд

"Сайдалиев пас аз байъат бо гурӯҳи ДОИШ борҳо аз тариқи бонк ба ҳисоби ин созмони террористӣ, пул ворид карда ва дар чанд амалиёт заминаи нақд кардани манобеи молии мавриди ниёзи аъзои ин гурӯҳро низ фароҳам кардааст, - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар Маскав аз ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шуд: боздоштшуда муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ

Мақомоти додгоҳи Маскав эълом кардаанд, ки Сайдалиев бо эътироф ба иттиҳомоташ ибрози пушаймонӣ карда ва ин мавзӯъ ҳангоми судури ҳукм мӯҷиби тахфифи муҷозоти ӯ шудааст.