Озодхон Давлатшоев вазифаи нав гирифт

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода дар як ҷаласаи расмӣ ба раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев ботантана аккредитатсияи давлатиро супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин ҳамоиш созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар татбиқи сиёсати давлатии бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Дар Тоҷикистон иҷозатномаи 5G – ро танҳо Tcell гирифт

Озодхон Давлатшоев дар мавриди дастоварду комёбиҳои Федератсияи велосипедронӣ дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 ибрози назар кард.  Федератсия ба нақша гирифтааст, ки варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистонро аз рӯи ин намуди варзиш омода намуда, мураббиён ва доваронро барои такмили ихтисосашон фаро бигирад.

Озодхон Давлатшоев ва Абдулло Раҳмонова инчунин дурнамои рушди дучархаронӣ: ифтитоҳи сексияҳои велосипедронӣ дар минтақаҳо, дастгирӣ ва рушди дучархасаворӣ дар кӯҳ ва бунёди зерсохторҳои заруриро баррасӣ карданд.

Сарпарасти асосии Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон – ширкати Tcell мебошад. Озодхон Давлатшоев, ки ҳамзамон директори генералии Tcell мебошад, борҳо таъкид кардааст, ки яке аз афзалиятҳои умдаву аслии фаъолияти иҷтимоии Tcell таблиғи арзишҳои тарзи ҳаёти солим ва дастгирии чорабиниҳои варзишӣ мебошад.