Ба фарорасии соли нави мелодӣ зиёдтар аз як моҳ мондааст, аммо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон саргардониҳои соли навӣ оғоз шудааст.
Миллионҳо нафар дар саросари олам аз Соли нави мелодӣ, таҷлил хоҳанд кард. Таҷлили Соли нави мелодӣ ба таърихи 31-уми декабр рост меояд аммо саргардониҳо аз имрӯз оғоз шудаанд.
Тамоми мағозаву кӯчаҳо ба таҷлили соли нав омодагӣ гирифтанд. Рамзҳои солингавӣ дар ҳар қадам ба назар мерасад. Барои мисол дар пойтахти Русия арчаи солинавӣ чанде пеш гузошта шуд ва симои Маскав комилан тағйир ёфтааст.
Тоҷикистон низ имсол ба таҷлили соли нави мелодӣ омодагӣ гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон имсол эълон доштанд, ки ба далели паҳншавии вируси корона дар кишвар тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар кишвар манъ мебошад.
Ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони Шуравӣ ба мерос мондааст ва 1-уми январ ба унвони оғози Соли нав пазируфта шудааст. Вале пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ва ба хусус таҳкими ҷойгоҳи ҷашнҳои миллӣ, пешниҳодҳое низ ҷой доранд, ки ҷашни Соли нав таҷдиди назар шавад.
Аксари мардум ҳамакнун Наврӯзро, ки ба 21 март рост меояд, ҷашни муҳим ва оғози сол арзёбӣ мекунанд. Мақомот низ дар чанд соли ахир бештар ба таҷлили ин иди ниёгон таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.