Дастури Усмонзода барои зудтар ба роҳ мондани коркарди нафт дар Данғара

Муовини сарвазири Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода барои зудтар ба роҳ мондани коркарди нафти хом дар Данғара ба масъулин супоришҳо дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода бо кори корхонаҳои бунёдгардида дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ошно шудааст.

Усмонзода зимни вохӯрӣ бо намояндагони ширкати "ТК-ойл" аз масъулини ширкат талаб намудааст, ки вобаста ба бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ва ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани коркарди нафти хом кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Вазорати рушди иқтисод: полоишгоҳи нафт дар Данғара соли 2019 роҳандозӣ хоҳад шуд

Муовини сарвазир омодагии худро ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла даъвати мутахассисон аз Чин, хариди нафт ва роҳҳои ворид кардани нафти хом бо роҳбарони корхона тавассути видеоконференсия баён намудааст.

Корхонаи полоиши нафт ҳаст аммо нафт нест: оё Тоҷикистон ба Техаси дувум табдил меёбад?

Бино ба гузориши манбаъ, корхонаи коркарди нафту газ, ки дар МОИ "Данғара" сохта шудааст, иқтидори коркарди 500 ҳазор тонна нафти хомро дар як сол доро мебошад.

Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар 521,3 ҳектор замини ноҳияи Данғара бунёд шудааст.

Соли 2015 маросими оғози сохтусози се корхонаи бузург ба арзиши беш аз 1,6 милёрд сомонӣ дар ин минтақа бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.