Вазир: қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 43 дарсади ММД расид

Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, қарзи давлатии ҷумҳурӣ то ҳол беш аз 43 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ММД-ро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия зимни баррасии барномаи нави қарзгирии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии ҷумҳурӣ  3,7 миллиард  доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Вазир аз нақшаи қарзгирии Ҳукумат барои сохтмони "Роғун" гуфт: чанд ва аз кӣ?

Ба гуфтаи вазир, дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 миллион доллари амрикоӣ бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шуд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода афзуд, ки  ҳаҷми қарзи давлатии ҷумҳурӣ ба ҳолати аввали октябри соли равон ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли  2021 ҳудуди 213,5 миллион  доллар, соли 2022 -  238,2 миллион доллар ва соли 2023 ҳудуди 243,3 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қаҳҳорзода тавзеҳ дод, ки дар буҷа барои соли 2021 барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, 1 миллиард сомонии он барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешавад.