Ҷашнҳои рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи бисту якуми ноябр, Рӯзи байналмилалии телевизион, рӯзи ҷаҳонии салом буда, дар Русия – Рӯзи кормандони сохтори андоз ва дар Камбоҷа – Ҷашнвораи об мебошад
Sputnik

Рӯзи 21 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1847 дар кӯли Мичигани ИМА киштии Голландия "Финикс" оташ гираифт, ки дар натиҷа 240 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1892 дар Порис Ҳизби сотсиалистии полякҳо таъсис дода шуд.

Соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ барои пурра мустақил гардидани мустамликаҳои собиқи Италия  овоз дод.

Соли 1972  дар ҷаласаи 17-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО Ҷумҳурии Демократии Германия ба ҳайати он шомил карда шуд.

Соли 1996  дар қароргоҳи СММ аввалин форуми байналмилалии телевизионӣ баргузор гардид.

Рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Млада Болеслави Ҷумҳурии Чехия  зимни вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайати расмии чех ва ширкати автомобилсозии машҳур "Шкода АУТО" масъалаи дар шаҳри Душанбе кушодани фурӯшгоҳи автомобилии мазкур баррасӣ гардид.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Урупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Урупо баррасӣ шуд.

Соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе ҷашнвораи байналмилалии "Рақс моро муттаҳид мекунад" доир гашт.

Соли 2017 дар Қасри миллат ба Эмомалӣ Раҳмон 7 нафар сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон, Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Кипр ва Давлати Исроил эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 ноябр

Рӯзи байналмилалии телевизион.
Рӯзи умумиҷаҳонии салом.
Дар Русия – Рӯзи кормандони сохтори андоз.
Дар Камбоҷа – Фестивали об.

Рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1925-2001 – ҳунарманди театр, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Маҳмуд Тоҳирӣ.

Соли 1938 – адабиётшинос Юсуф Акбарзода.

Соли 1951 – журналист Шогун Назриев.

Соли 1952 – нависанда, ҳаҷвнигор Наҷмиддин Шоҳинбод.