Хонаводаҳои тоҷик 80 дарсади пули фиристода муҳоҷиронро барои ғизо масраф мекунанд

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки 80 дарсади хонаводаҳои тоҷик маблағҳои фиристода аз сӯи муҳоҷирони кориро барои ғизо масраф мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ бо унвони "Тоҷикистон: авзои модар ва кӯдак дар шароити куруноӣ" эълом кардааст, ҳамчунин 20 дарсад аз ин хонаводаҳо гуфтаанд, ки наметавонанд ба далели гарон будани ҳазинаҳои дармонӣ ба бемористон муроҷиат кунанд, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей”.

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рушди тиҷорат ва нақлиёт 132 миллион доллар медиҳад

Ин дар ҳоле аст, ки коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ кардаанд, даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия имсол ба далели густариши вируси куруно 15 дарсад коҳиш ёбад.

Ҳамчунин гузоришгарон муътақиданд, ки барои бори нахуст дар ду даҳаи гузашта Тоҷикистон бо коҳиши рушди иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бар ин асос агар дар соли 2019 рушди иқтисодии Тоҷикистон 7,5 дарсад бошад имсол ба 1.6 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури коҳиши осебҳое аз густариши куруно барои 50 ҳазор хонаводаи тоҷикистонӣ, ки фарзандони камтар аз 3 сол доранд, 500 сомонӣ кмак хоҳад кард.