Фалокат зери по: кӯдаки даҳмоҳаи муҳоҷири тоҷик дар гаҳвора ҳалок шуд

Дар вилояти Маскав кӯдаки хурдсоли як хонаводаи муҳоҷир аз Тоҷикистон фоҷеабор дар гаҳвора нафасгир шуда, ҳалок гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳодисаи нохуш, ки ҷони як кӯдаки маъсумаро рабудааст, дар яке аз деҳоти ноҳияи Одинсоваи вилояти Маскав рух додааст.

Фоҷеа бо муҳоҷирони тоҷик рух додааст, ки се сол пеш ба Русия омада буданд. Онҳо дар манзили наздиҳавлигие зиндагӣ мекарданд, ки дар он ҳамчун ёвари хоҷагӣ кор низ мекардаанд.

Дур аз таҳсилу кӯмаки тиббӣ: гузориши ЮНИСЕФ аз вазъи муҳоҷирони кӯдак

Соҳибони хона барои ин оила болохонаро ҷудо карда буданд, ки дар он оила ба кӯдаки даҳмоҳаашон зиндагӣ мекарданд.

Зан корҳои хонаро анҷом медод, мард бошад ба замини наздиҳавлигӣ нигоҳубин мекард.

Фоҷеа рӯзи 19 ноябр рух дод. Волидон чун ҳаррӯза кӯдакро ба гаҳвора хобонида, ба корҳои хона машғул буданд. 

Волидон вақт-вақт аз кӯдак хабар мегирифтанд ва ҳангоми чунин як хабаргирӣ мард як ҳолати ғайримуқаррарии кӯдакро ҳис кард. Ӯ дарҳол ҳамсарашро ва сипас ёри таъҷилиро даъват намуд.

Аммо аллакай дер шуда буд. Табибон гуфтанд, ки кӯдак ҳалок шудаст.

Имтиёз барои хориҷиён: дар Русия ба муҳоҷирон низ сармояи беҳдошти модар ва кӯдак медиҳанд

Сабаби ин фоҷеаро нафасгирӣ гуфтаанд. Эҳтимол, кӯдак ба банди гаҳвора печидаву нафасгир шудааст.

Ҳарчанд андӯҳи ин хонаводаи муҳоҷир сахт аст, аммо Кумитаи тафтишотии Русия бо моддаи "Марг дар пайи беэҳтиётӣ" парванда боз кардааст.