Арманистон дақиқ гуфт, дар ҷанг бо Озарбойҷон чиқадар талафот дидааст

Вазорати беҳдошти Арманистон кушта шудани ду ҳазору 425 низомии ин кишварро дар ҷанг бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ таъйид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, Арсен Торосян, вазири беҳдошти ҷумҳурии Арманистон гуфт, ду ҳазору 425 низомии ин кишвар аз 27 сентябр то 9 ноябр дар даргирӣ бо низомиёни ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ кушта шудаанд, ки пайкари онҳо шиносоӣ шудааст.

Арсен Торосян афзуд, илова бар ин, ҳудуди 250 пайкари дигар аз низомиёни Арманистон ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.

Ин омор дар ҳоле мунташир мешавад, ки артиши Арманистон пеш аз ин шумори куштаҳои низомиёни ин кишвар дар ҷанг бо Озарбойҷонро ҳазору 585 нафар эълом карда буд.

Даргириҳои ҷадид байни Озарбойҷон ва Арманистон аз 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуд ва аз бомдоди 10 ноябр низ тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои таҳаққуқи оташбаси комил дар минтақаи даргирии Қарабоғ ба имзои Илҳом Алиев, раиси Озарбойҷон, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия расид.