Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ корхонаҳо созад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизи худ Руслан Казакбоев вазъи марзро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik.  Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешниҳод кард, ки масъалаҳои марзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳал карда шаванд.

Мулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт: ду вазир аз чӣ гуфтанд?

Ин ташаббус дар доираи сафари расмии роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

"Бо пешниҳоди Казакбоев, вазирон дар мавриди коркарди масъалаи таъсиси Шӯрои соҳибкорони Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои наздисарҳадӣ ба мувофиқа расиданд",- гуфтааст дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо инчунин аҳамияти идомаи вохӯриҳои гурӯҳҳои кориро ҷиҳати тезонидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ қайд карданд.

Манъи сохтмон дар марз: нахустин созиши Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2020

"Дар ин замина, зарурати таъмини субот дар минтақаҳои наздимарзӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи осоишта ва имзои санадҳои дуҷониба оид ба таҳкими эътимод қайд карда шуд", - илова кард Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, дар қисматҳои тақсимношудаи марзи ҳарду кишвар зуд-зуд низоъҳо миёни сокинони маҳаллӣ ва марзбонон сар мезанад ва ҳатто кор ба тиркушоиву куштор ҳам мерасад.

Танҳо бо роҳи осоишта ҳал мекунем: роҳбари нави Қирғизистон ба қазияи марзӣ вокуниш кард

То имрӯз аз 970 километр танҳо 504 киллометри он муайян карда шудааст.