ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Дар Душанбе аз ҷониби шахсони номаълум дорухонаи "Мададформ" ғорат шудааст, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар пойтахт.
Ба иттилои котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе, ба идораи пулис соҳибкори 35-сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуд.
Ба исрори соҳибкори ҷавон, санаи 14 ноябр, тахминан соати 12:30 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дорухонаи ӯ ворид шудаанд.
Ин дорухона дар кӯчаи Алишер Навоӣ ҷойгир буда, ғоратгарон аз он ҷо дорувории тамғаҳои гуногун дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Боздошти ҷавони 23-сола барои ғоратгарӣ дар варзишгоҳи мактаб
Манбаъ меафзояд, ин ҳодиса ба соҳибкор 15 ҳазор сомонӣ зарар оварда расонд.
Зимнан, кормандони РВУД дар пойтахт, бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур, сокини 27-солаи пойтахтро дастгир намуданд.
Гуфта мешавад, номбурда қаблан низ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд.
Феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.