Аз 1 январ: афзоиши ҷарима, боҷ ва кумакпулӣ дар Тоҷикистон

Бар асоси қонуни буҷа барои соли 2021, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон қабул кард, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли нав афзоиш меёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Маблағи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ҳаҷми ҷазоҳои ҷаримавӣ, андоз, боҷ ва пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кумакпӯлӣ аз рӯи он ҳисоб карда мешаванд, аз 1 январи соли 2021 боло меравад.

Завқизода: сатҳи камбизоатӣ дар 20-сол аз 83 дарсад то ба 26 дарсад коҳиш ёфт

Бар асоси қонуни буҷа, нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки соли равон 58 сомонӣ буд, аз соли оянда ба 60 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар қонуни буҷа барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ татбиқ карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.

Дар маҷмуъ ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тайи 4 соли охир дар Тоҷикистон 20 сомонӣ афзоиш ёфт.

Раҳмон гуфт, маош, нафақа ва идрорпулӣ зиёд мешавад: аз кӣ чанд боло меравад?

То соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буд ва тайи солҳои 2017-2018 ба 50 сомонӣ баробар гардид. Аз 1 январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомонӣ ва аз 1 январи соли 2020, 58 сомонӣ муқаррар шуда буд.