Вазири умури хориҷаи Қирғизистон имрӯз вориди Душанбе мешавад

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон имрӯз дар сафари дурӯза ба Душанбе, бо мақомоти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Бино бар иттилои сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Руслан Қазоқбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон имрӯз 19 ноябр вориди Душанбе мешавад.

Талоши 63 нафар барои як курсӣ: оғози корзори интихоботӣ дар Қирғизистон

Гуфта шудааст, ки сафари Руслан Қазоқбоев то 20 ноябр идома хоҳад ёфт.

Зимни сафараш бо Сироҷиддини Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш ва дигар мақомоти ин кишвар дидор ва равобити дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

Дар ин дидорҳо роҷеъ ба роҳҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлунақл, амниятӣ ва марзӣ баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Яке аз мавзӯоти муҳими ин дидор чигунагии идомаи музокирот бар сари аломатгузории марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд, ки имсол ба далели густариши вируси корона ба таъхир афтодааст.

 Дар музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини марзи муштараки 987 километрии ду кишвар дар 27 соли гузашта 520 километр аз ин хати марзӣ аломатгузорӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки муайян нашудани хутути марзии ду кишвар даргирӣ ва танишҳои зиёдеро байни сокинони вилоятҳои Суғду Ботканд эҷод кардааст.