Ятимов боздошт шуд: замин ваъда доду беш аз 1 миллион сомонии 6 корафтодаро азхуд кард

Ожонси зидди фасод аз боздошти мудири Ширкати "Само" хабар медиҳад, ки дар фиреби мардум ва азхудкунии маблағи калон муттаҳам дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Кормандони Ожонси зидди фасод, Ятимов Ҳ.У, ки ба ҳайси мудири филиали ҶСП Ширкати холдингии "Само" дар ноҳияи Дӯстӣ кор мекард, боздошт намуданд.

Ожонси зидди фасод як мақомдори давлатиро барои ришвагирӣ боздошт кард

 

Ба иттилои котиботи ожонси мазкур, номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Эргашов А. бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Примқулов Чорӣ барои аз ҳудуди деҳаи Гоголи Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ ҷудо намудани ду қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 га., маблағи 130000 сомонӣ талаб намуда, маблағи гирифтаро барои эҳтиёҷоти шахсии худ масраф намудааст.

Гузашта аз ин, Ятимов Ҳ.У. ва чанд ҳампешаи худ, айнан бо ҳамин тарзу усул 5 корафтодаи дигарро фиреб доданд.

"Аз шаҳрвандон Ахматов С. 65000 сомонӣ, Усанов А. 189000 сомонӣ, Джумаков Қ. 120000 сомонӣ, Худойбердиев Х. 130000 сомонӣ ва Бойбуриев Б. 900000 сомонӣ гирифта, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, Ятимов Ҳ.У. ва ҳаммаслакони ӯ ҷамъан 1 648 000 сомонии шаҳрвандонро гирифта тасарруф намудаанд.

Ожонси зидди фасод нисбати Ятимов Ҳ.У. ва дӯстонаш бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.