Тағйироти кадрӣ: Раҳмон генерал Шерхон Салимзодаро аз мақом барканор кард

Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъовари назди президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Дар ин бора як манбаъ аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барканории генерал Салимзода бо фармони раисиҷумҳур сурат гирифтааст.

Таъйиноти кадрӣ: Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан шуд

Ба иттилои манбаъ, сабаби аз кор гирифтани Шерхон Салимзода ба синни нафақа расидани ӯ гуфта мешавад.

Манбаъ гуфт, ба ҷойи Шерхон Салимзода Ҳабибулло Воҳидзода, собиқ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.

Шерхон Салимзода 1 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалик зода шуда, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияташро соли 1980 аз кор дар мақоми ҳуқуқшиноси иттиҳодияи "Селхозхимия"-и Кӯлоб оғоз карда, баъди хизмат дар артиш ба кор дар мақомоти додситонӣ дар ВМКБ гузаштааст.

Ӯ ба ҳайси ёвари калони додситон, муфаттиши калони додситонии ВМКБ, баъдан дар мақомоти ҳизбӣ дар ВМКБ ва Кӯлоб, сипас ба ҳайси додситони шаҳру навоҳии гуногуни кишвар кор кардааст.

Аз соли 1998 то 2002 додситони шаҳри Душанбе буда, аз соли 2002 то 2007 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2007 бо фармони раисиҷумҳур роҳбари ниҳоди навтаъсис – Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардид.

Аз моҳи июни соли 2009 мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аз январи соли 2010 ҷойгузини Бобоҷон Бобохонзода дар мақоми Додситони кулли Тоҷикистон шуд.

Суҳбати Шерхон Салимзода: эълони номи саркардаҳои нашъаҷаллобон ва амалиёти бонкии онҳо

Соли 2015 аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон озод гардид ва баъдан ба ҳайси раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуда буд.

Солҳои охир дар мақоми директори Агентии назорати маводи нашъаовар кор мекард.