Раҳмон даъват карду амири Қатар пазируфт: суҳбати телефонӣ

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва амири давлати Қатар рӯзи 18 ноябр суҳбати телефонӣ анҷом доданд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Амири Қатар намеояд: ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Душанбе боз ба таъхир афтод

Ба иттилои манбаъ, амири Қатар нахуст бори дигар Эмомалӣ Раҳмонро барои аз нав интихоб гардиданаш ба маснади Президентӣ муборакбод намуд.

Зимнан, ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд. 

Раҳмон унвонии Амири Қатар барқияи шодбошӣ ирсол намуда ӯро ба Тоҷикистон даъват кард

Масъалаи мубориза бо пандемияи коронавирус низ аз мадди назари Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ канор намонд.

Дар ин зимн, Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ҷиҳати ҳамкорӣ дар мубориза бо ин бемории сироятӣ изҳори сипос намуд.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон амири давлати Қатарро ба Тоҷикистон барои анҷом додани сафари давлатӣ даъват намуд. Амири Қатар даъвати кишвардори Тоҷикистонро пазируфтааст.