Вилояти Твери Русия барои таъмини аҳолияш ба кор нархи патентро гарон кард

Муҳоҷирони меҳнатии вилояти Твер аз соли 2021 барои патент на 5,3 ҳазор рубл, тавре ки қаблан буд, пардохт мекунанд, балки  5,8 ҳазор хоҳанд супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Ҳукумати вилояти Твер аз соли 2021 тасмим гирифтааст, ки нархи патентро, ки муҳоҷирон барои кор дар ин минтақа ниёз доранд, афзоиш диҳад, гузориш медиҳад ҳукумати минтақа.

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

Ба иттилои манбаъ, нархи патенет аз 5327 рубл то 5.805 рубл боло меравад.

Тибқи қарори дар ҷаласаи ҳукумати вилояти Твер таҳти роҳбарии губернатор Игор Рудени қабулшуда, чунин тадбир сатҳи шуғли сокинони маҳаллиро баланд мебардорад.

Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷир: кор барои тоҷикистониён дар Русия осон мешавад?

"Дар назди ҳукумати вилояти Твер вазифаи муҳим - ҳамоҳангсозии ҷуброни қувваҳои корӣ истодааст: он ҷойҳое, ки муҳоҷирон холӣ мекунанд, бояд ба сокинони минтақаи Верхневолж дода шаванд ва бо ин сатҳи бекориро дар байни аҳолии минтақа коҳиш дод", - мегӯяд  дафтари матбуотии губернатор.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2015 нархи патент дар вилояти Твер барои кори шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 3 ҳазор рублро ташкил медод ва давоми ҳамакнун панҷ сол қариб як баробар боло рафт.

Қонуни нав дар Русия: тамдиди патент бидуни убури сарҳад

Тибқи қарори мақомоти минтақавӣ, арзиши он тадриҷан афзоиш ёфт, илова бар ин, дар солҳои охир барои истифодаи қувваи кории хориҷӣ дар 33 намуди фаъолияти иқтисодӣ низ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд.

Чораҳои андешидашуда дар минтақа, ки қаблан шаҳрвандони хориҷӣ дар он ҷо кор мекарданд, беш аз 9 ҳазор ҷойҳои кориро озод кард, афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, вилояти Твер яке аз 15 субъектҳои Русия мебошад, ки сатҳи бекорӣ пасттарин - 11 аз 85 мебошад.

Қадри муҳоҷир: иқтисодиёти Русия бидуни шаҳрвандони хориҷӣ чӣ мешавад?

Тибқи пешгӯиҳои хадамоти шуғли минтақавӣ, соли оянда дар он ҷо тамоюли беҳбуди вазъи бозори меҳнат идома хоҳад ёфт.